Атаксии магзи сар фтядрих табобат дорад

Чӣ тавр бояд остеохондрозро пешгирӣ кард.

Остеохондроз аз ду калимаи юнонӣ: “остеон”-устухон ва “хондроз”-буғум иборат аст. Чи тавре ки медонем, сутунмуҳра аз устухончаҳои сутунмуҳра ва диски байни сутунмуҳраҳо ва буғумҳо иборат аст. Саршавии бемории остеохондроз аз мавзеи оғозаш тадриҷан бо дардҳои шадид дар узвҳои гуногуни бадан, хусусан қисми поёни миён ва гардан мегузарад.

Аз рӯи сохт мо медонем, ки дар байни ҳамаи сутунмуҳраҳо канали ҳаромағз мегузарад. Дар он худи ҳарромағз ҷойгир аст ва аз он решаҳои асаб мегузаранд ва дар навбати худ ҳама узвҳо ва системаҳои баданро идора мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки остеохондроз ба ҳамаи организм таъсири худро мерасонад. Қариб ҳама бемориҳои узвҳои дарунӣ аз ҳолати сутунмуҳра вобаста мебошанд. Беҳуда нагуфтаанд: сарчашмаи ҳамаи бемориҳо, асаб аст. Барои ҳамин ҳам ҳангоми табобат ва беҳтар шудани ҳолати сутунмуҳра ҳолати тамоми бунияи инсон хубтар мешавад.

Аксаран дар вақти табобати остеохондроз мариз аз бемориҳои гастрит, колит, захми меъда, астмаи бронхиалӣ, санги гурда, бемориҳои гуногуни пӯст, инчунин аз илтиҳоби занона ва мардона раҳо меёбад. Дар баробари пиршавӣ ва беҳолшавии сутунмуҳра мушакҳои он ҳам пир ва беҳол мешаванд, ки ин ба вайроншавии ғизо ва ҷамъшавии моддаҳои аз натиҷаи метаболизм ба вуҷудоянда меоварад. Дар натиҷа мушакҳо хусусияти оромиро аз даст медиҳанд ва ҳама вақт зери фишор қарор мегиранд. Ин боис мегардад, ки мубодилаи моддаҳо дар пайвандҳо ва рагҳо вайрон шавад.

Ҳамин гуна, сутунмуҳра, ки аз 24-муҳраҳои бо ҳам пайваст иборат мебошад, дар он чорбанд ва копчик асоси сохтор (склет) маҳсуб мешаванд. Склети одам зиёда аз 200-усухон ва 700-мушаки ба онҳо пайваст таркиб ёфтааст. Табобати сутунмуҳраро аз мушакҳо, пайвандҳо, рагҳо, ки онро иҳота кардаанд ҷудо тасаввур кардан ғайри мумкин аст. Табобатро бояд пурра бо фарогирии тамоми организм ва хуб кардани ҳолати сутунмуҳра ба роҳ монд.

Шахсе, ки мехоҳад бемории остеохондрозро табобат кунад ва онро аз байн барад, бояд ин қоидаро донад: “Ҳолати сутунмӯҳра – ҳолати организм”. Чуноне медонем, бемороне, ки бо дарди миён ба дармонгоҳ муроҷиат мекунанд, табиб ба онҳо варақаи беморӣ ё аналгетикҳо тавсия медиҳад ва дар ҳолати беҳбудӣ бемор ба кор шурӯъ мекунад, хусусан, агар бемор ба сини нафақавӣ нарасида, ҷавон бошад. Ҳамин тавр, бемор бо дарди миён дучор мегардад, дар сурате ки сари вақт табобат нагирад ва фикр кунад, ки номаълум бо кадом сабабҳо худи дард оҳиста – оҳиста гум мешавад. Раванди беморӣ марҳила ба марҳила дар бадани бемор зиёд мешавад, дарди миён шиддат мегирад ва то дараҷае мерасонад, ки карахтшавии дасту пой, аз пой мондани бемор ва гум кардани фаъолияти корӣ сар мезанад.

Аз тарафи дигар, бемор дар марҳилаи римисия мебошад, аммо тарс аз он дорад, ки қоматашро рост бигардад. Бори дигар қайд мекунем, ки дар баробари табобати ин беморӣ муолиҷаи мануалӣ бо машқҳои кушодашавии бандҳо ва мустаҳкамкунии мушакҳо, масҳ барои тезтар ва беҳтар гардидани модаҳо дар бофтаҳо зарур аст. Мушакҳо ва бандҳо бо сутунмуҳра дар алоқаи ҷудо нашавандаанд ва баргардонидани сутунмуҳра ба ҳолати муқаррарӣ ғайримкон аст. Ба истиснои ҳолате, ки мушакҳо ва бандҳо пурра мулоим ва дар вазъи эластикӣ набошанд.

Аз қадим ба ҳама маълум аст, ки ҳаракат асоси ҳаёти организми инсон аст. Олимон тасдиқ кардаанд, ки машқҳои ҷисмонӣ омили ягонаи бартараф гардидани беморӣ ва ҳифзи саломатӣ мебошад. Бо назардошти урфу анъанаи ҷомеа, ки одамонро аз тарзи серҳаракати ҳаёт дур мекунад, бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳаракати ҷисмонӣ усули беҳтарини табобати инсон ба ҳисоб меравад.

Мудири шуъбаи варзишдармонӣм К.А.Раҳимов, Г.С.Маҳмаджонова.

Магзи сар ачибтарин маълумотхо Интересные факты о головном мозге

03:56 5.18 MB 201

магзи сар аз 4 баш иборатаст

БАРОИ 4 УЗВ АЪЗОИ ТАНОСУЛ ДИЛУ ЧИГАР МАГЗИ САР 1 ДАВО درمان چهار اندام اصلی

01:51 2.43 MB 486

11 ФАКТИ ҶОЛИБИ МАҒЗИ САР

02:53 3.79 MB 1.7K

Телефони мобили ба магзи сар таъсир канон мерасонад

САРАТОН БЕМОРИЕ КИ ҲАР СОЛ 8 МЛН НАФАРРО МЕКУШАД

03:44 4.91 MB 5.7K

НОСА ЗАНАД ГУЛ ПИСАР ТОЗА ШАВАД МАГЗИ САР

BS F1R1K саратони магзи

03:56 5.18 MB 2.8K

КЛИП BS F1R1K Саратони магзи Ана Ира трек Меган МЕХРОБИ Точикистон

04:06 5.40 MB 891

Носа бизан гулписар тозашава магзи сар закин насвай и очистки мозг

Фоидаи Рамазон барои магзи сар ПОСТ и МОЗГ Польза или Вред

05:19 7.00 MB 104

Чархзании сар سرگیجه Головокружение

02:28 3.25 MB 107

ДОСТОНИ ИБРАТНОК ШИФО ЁФТАНИ ДАРДИ САР БО ГУФТАНИ БИСМИЛЛОҲИ РАҲМОНИР РАҲИМ

02:26 3.20 MB 4.9K

Фишори косахонаи сар и кӯдакон аз чист

ДУХТАР ДАРДИ САР

02:51 3.75 MB 608

Дору барои камхуни бакуват кардани организм дил ва хотира Ар рахик DORU FARMO

08:18 10.92 MB 3K

Аюб Дастгирии моли барои табобат

Конкурс сар шуд

06:49 8.97 MB 31.1K

Бехоби Бехтарин Клипи Ошики 2017 NEW HIT

03:28 4.56 MB 4.2K

АЗ ФОИДАҲОИ ИН НУШИДАНИ ТАЪАҶУБ МЕКУНЕД ҲАТМАН БУБИНЕД

ЗАРАРИ САХТИ НАУШНИК БА МАЙНАИ САР

Зафари Сайчафар Сар сари ёла Zafari Sayjafar Sar Sari Yola

03:44 4.91 MB 5.1K

Чой хатари саратонро дар синаи занхо ва саратони простатаро дар мардхо махдуд месозад

01:42 2.24 MB 1.1K

Маьлумот дар бораи косахонаи сар аз кадом устухонхо иборат аст

04:57 6.51 MB 268

Дар як сония чи ходисахо рух медиханд 1 сония кам аст ё зиёд Veimas TV

10:10 13.38 MB 2.2K

Чигуна аз гаму андух начот ёвем

06:50 8.99 MB 716

Дору баройи Дарди сар

14 314.45 KB 832

10 июня 2020 Опасная болезнь остеохондроз

02:43 3.58 MB 340

Шабнами Сурайё Сояхо Shabnam Surayo Soyaho Moscow 2016

03:33 4.67 MB 7.1M

Ҳаёт пас аз Каронавирус Шуморо дар оянда чи таҳдид мекунад Онҳое ки аз COVID 19 шифо ёфтанд

06:30 8.55 MB 206

МУРОЧИАТ БА РУЗАГИРО Бояд Фаҳмеду Ба Дигарон Расонед

15:34 20.49 MB 16.9K

Xaqiqiy Yig Ini Payti Va Zo Rman Deganlar Haqida Qattiq Maruza

04:19 5.68 MB 351

Намоз ва АСАБ чаро КАМБАГАЛО БОЙХОРО бад мебинан Sm Sharipov

14:54 19.61 MB 3.3K

Чашм Маълумотхои ачиб Интересные факты о глазах

03:45 4.94 MB 165

Хочи Мирзо Шахсе ки ба Рассия меравад намози Чумъаро хонда наметавонад Оё ин гунох аст

01:27 1.91 MB 1.7K

Фореливые Пруды УЗВ Форель Пролаживаем Трубы 13

Рак саратон бедаво эмас Профессор Рустам Нуриддинов билан суҳбат 4

22:27 29.55 MB 202

ДУХТАРИ СУМПАРАСТ ТАМОШО КУНЕД

Sani Реп барои духтарои хиёнаткоро ХИТ ТРЕК 2019

03:36 4.74 MB 210

Нахуред 10 навъ махсулотхои хуроквории зарарнок 10 самых вредных продуктов питания

05:35 7.35 MB 259

карона вирус ба шуш зарар мерасонад сохти системаи нафаскаши

Камтар машқ кадм баҳо гузори кнен

02:06 2.76 MB 11.5K

Дилам месузад Dilam Mesuzad Shujoatulloi Boymuhammad Шучоатуллои Боймухаммад

01:22 1.80 MB 666

АКЛ ВА ИЛМИ ЧИН ЗИЁД АСТ Ё АЗ ИНСОН

05:01 6.60 MB 410

01:56 2.54 MB 232

ФИЛМ НОС КАШИ 2019

06:13 8.18 MB 107

Для вашего поискового запроса Магзи Сар мы нашли 50 песен, соответствующие вашему запросу. Теперь мы рекомендуем загрузить первый результат Магзи сар ачибтарин маълумотхо Интересные факты о головном мозге который загружен MED TJ размером 5.18 MB, длительностью 3 мин и 56 сек и битрейтом 192 Kbps.

Обратите внимание:

باب الميم والنون المشددتين والميم الساكنة بصوت الشيخ أيمن سويد

Isabella S Lullaby

Piano Concerto No 5 In E Flat Major Op 73 Emperor Adagio Un Poco Featured In Dead Poets Society

Ахиллес Против Намыскок Лазер Кыргыз Казак

Руханки Для Дітей Початкових Класів

Українські Пісні Збірка Веселих Пісень

Веселые Кубики Разминка Для Детей

Frolic Theme From Curb Your Enthusiasm Tv Show

Прийди Люба Весільна Пісня

Фк Тернопіль Десна Чернігів Пряма Трансляція

Леся Українка 145 Річчя Від Дня Народження

Arcaea Aoi Vs Siqlo Mirzam Official Audio 公式音源

Sherxon Lo Li Qizni Izlab Шерхон Лули Кизни Излаб

Mello De Ronald Spinho Exclusiva Da Mega Itamaraty

Колись В Містечку Віфлеєм 1 7 18

Çiçək Şeir 2020

Free Fire Mod Para Llegar Heroico

Trump Quest Part 1

Elle Avait Son Djo Feat Maître Gims

Пісні Надії 059 Господь Моє Світло

Скрябін Спи Собі Сама Live Львівська Опера

L Estro Armonico Op 3 Concerto No 8 In A Minor For Two Violins And Strings Rv 522 I Allegro

Behind Orgrimmar Auction House Patch 3 0 3

Лмі Медик Здвиг Огляд Матчу Гранд Ліга 10 Тур

Ала Соьга Деги Езар Ц1Ена Дагар Хьай

Ad Gunun Mubarek Canim Bacim

Campeones De La Vida Capítulo 121 Parte 4

Разбор Задачи 1035 Acmp Ru Кондиционеры Решение На C

ДУШАНБЕ, 2 апр - Sputnik. Ба гуфтаи Мухтор Каримов, ки дар солҳои 80 –уми асри гузашта, рисолаи илмии худро дар мавзуъи “Омода намудан ва омӯзиши ваксинаи коронавирус” ҳимоя намудааст, эълон кардааст, ки коронавирус бо бархе аз антибиотикҳо ва ҳазориспанд табобат карда мешавад.


Олими тоҷик дар мақолаи худ, ки ахиран дар сомонаи мақомоти шаҳри Хуҷанд ба чоп расидааст, таъкид доштааст, ки барои пешгирӣ аз коронавирус бояд ташхиси саривақтӣ ва пешгирии воридшавии вирус аз ҷойҳои номусоид гузоронида шавад.

Вай афзудааст, ки ҳамаи шахсони аз минтақаҳои номусоид воридшударо фавран дар муддати на кам аз 14 рӯз дар карантин, ҷудо нигоҳ доштан лозим аст ва ҳатман бо ин шахсон чорабиниҳои ташхисӣ, пешгирикунанда ва табобатӣ гузаронидан лозим мебошад.

Вай ҳамчунин таъкид доштааст, ки ҷойҳои хавфнок ба сироят бояд безараргардонӣ (дезинфексия) карда шавад.

“Воридоти молу маҳсулот аз ҷойҳои номусоид, маън карда шавад. Истифодаи ниқоб (даҳонбанд), мунтазам шустани дастон бо собун, ҳамарӯза иваз намудани ниқоб ва безарар гардонидани ниқоб дар оби ҷӯш тавсия дода мешавад”, - қайд намудааст Мухтор Каримов.

Ҳамчунин, вай дар мақолаи худ зикр кардааст, ки барои баланд бардоштани масуниятнокӣ (иммунитет) истеъмоли бештари ғизо, аз ҷумла истеъмоли сабзавоту меваҷот, пиёз ва сирпиёз лозим аст.


Инчунин, олими тоҷик шарҳ додааст, ки чӣ гуна метавон аз коронавирус шифо ёфт. Ӯ чанд роҳи табобатро шарҳ додааст.

Вай афзудааст, ки барои табобати бемор, зардобаи ифротмасунро истифода бурдан мумкин аст.

“Ба бемор нӯшонидани шири бо антигемоглютинҳои махсус бойгардонидашуда ва фаллаи говҳои муқобили коронавирус эмкардашуда мувофиқи мақсад мебошад. Ин имкон медиҳад, ки беморшавӣ якчанд маротиба ва дараҷаи фавт паст шавад”, - таъкид доштааст олими тоҷик.

Мухтор Каримов қайд кардааст, ки натиҷаҳои хуби табобатӣ ва пешгирии беморӣ бо истифодаи пробиотикҳои дар асоси бактерияҳои B. Subtilis истеҳсолшуда – сибтилбен, лаксубтил ва пробиотики истеҳсоли Русия – “Ветом” гирифтан мумкин аст.

“Барои пешгирии сирояти сониявӣ антибиотикҳои гуногунро истифода бурдан мумкин аст. Барои гирифтани самараи хуби мубориза бар сирояти коронавирус бояд ҳатман дезинфексияи аэрозолии биноҳоро дар ҳузури бемор, бо истифодаи кислотаи шир, резорсин, дуоксиди гидроген ва дигар мавод, дар дараҷаҳои ғизлати маъмулӣ гузаронид. Натиҷаҳои хуб бо истифодаи дезинфексияи аэрозолии ҳазориспанд(исириқ), ки дар таркибаш моддаҳои безараргардонии пурқуввати муқобили вирус ва микробҳо, аз ҷумлаи лизол, кризол ва ғайра гирифтан мумкин аст”, қайд кардааст Мухтор Каримов.

Ҳамин тариқ донишманди тоҷик гуфтааст, ки он ваҳму воҳимае, ки дар байни мардум дар бораи бемории коронавирус пайдо шудааст, асосҳои кофӣ надорад.


Вай афзудааст, ки баъди ба давраи баҳор расидан ва баланд шудани ҳарорати ҳаво бо таъсири нурҳои ултрабунафш ва инфрасурх хоҳ нохоҳ ин бемориҳои пайдоиши вирусӣ дошта, худ аз худ аз байн меравад.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Агентии федеролии био - тиббии Русия доруи муассир алайҳи маризии коронавирусро пайдо намуд. Доруи мазкурро пизишкони рус дар асоси доруи зидди табларза омода намудаанд.

"Доруи мазкур, ки таъсири баланд дорад, паҳншавии ин вирусро дар ҳуҷайраҳо манъ мекунад. Ҳамзамон таъсири мефлокуин авҷгирии илтиҳоби шуш, ки барангезандаи он ин вирус мебошад, пешгирӣ мекунад. Илова кардани доруҳо ва пенисиллини синтетикӣ на танҳо ташаккули дуюмдараҷаи ин бемориро бозмедорад, балки роҳёфтани вирус ба хун ва шушро монеъ мешавад", - изҳор доштааст Вероника Сквортсова, роҳбари ин агентӣ.

Ба гуфтаи собиқ Вазири беҳдошти Русия, доруи мазкур қобилияти шикаст додани вазнинтарин ҳолати сироятёбӣ ба коронавирусро дорад.


Ҷ. Абдуллозода: Бале, имрӯз маводи доруворӣ ва муҳофизатӣ дар мамлакат басанда мебошад. Он маводу дорувориҳое, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ворид мешаванд, ба таври кофӣ захира карда шудаанд. Баъзе муассисаҳое ҳастанд, ки маводу дорувориҳои якмоҳаи худро захира намудаанд. Назорати тақсимоти маводи доруворӣ пурзӯр гардида, супориш дода шудааст, ки беморон сари вақт бо дорую давои зарурӣ таъмин карда шаванд. Тақсимоти маводи доруворӣ ба муассисаҳои тандурустӣ зери назорати бевоситаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дорад.

Такрор мекунам, ки вазорат дар таъмини дору ягон мушкилӣ надорад ва тамоми доруворие, ки дар протоколи табобат зикр гардидааст, аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ таъмин карда шудааст.

Ҷ. Абдуллозода: Дар натиҷаи нишондодҳои мутлақ бемор бояд ҳатман дар бемористон бистарӣ карда шавад. Пеш аз он ки бемор дар беморхона бистарӣ шавад, сараввал табибон таъмин будани хун бо кислородро аз назар мегузаронанд. Дар ҳолати паст будани кислород, аз 38 дараҷа бештар будани ҳарорати бадан ва нафастангӣ бемор бистарӣ карда мешавад. Ҳангоми набудани ин нишондоди мутлақ бемор ба табобати амбулаторӣ, яъне дар шароити хона, таҳти назорати духтур қарор дода мешавад.

Ҷ. Абдуллозода: Албатта метавонад. Агар дар бемор нишонаҳои мутлақи ин беморӣ ба назар нарасад ва ҳолати ӯ сабуктар бошад, табобати хонагӣ аз табобати статсионарӣ дар беморхона беҳтару бехавфтар аст. Вақте бемор дар беморхона бистарӣ шуд, дар дили вай хоҳу нохоҳ тарсу воҳимаи беҳуда пайдо мешавад, ки ба ҳолати ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳангоми дар хона зери назорати духтурон табобат гирифтан кас бо андешаи он ки хайрият бемории ӯ вазнин набудааст, ором мешавад.

Аз рӯи таҳлилҳои ҷаҳонӣ, қариб 80-85 фоизи аҳолӣ дар хона табобат мегиранд. Ҳангоми дар хона табобат гирифтан ба бемор доруҳои зиёд лозим нестанд. Танҳо онҳоро назорат кардан зарур аст. Антибиотикро бояд танҳо вақти нишона доштан ё заҳролудшавии бадан истифода бурд. Зеро антибиотик на танҳо дараҷаи заҳролудшавии организмро, балки масунияти бадани инсонро низ паст мекунад. Аз ин рӯ, агар одам худроо гирифтори коронавирус гумон карда, дарҳол, бе тавсияи духтур ба истеъмоли антибиотикҳо пардозад, ин дуруст нест.

Ҳоло якчанд омиле мавҷуданд, ки мо метавонем аз рӯи он нишондоди табобатро муайян кунем. Омилҳои асосӣ синну соли бемор, доштани бемориҳои ҳамрадиф ва тарсу воҳима (стресс) мебошанд. Таҷриба нишон дод, ки аксари беморон дар натиҷаи тарсу воҳима ҳолати худро вазнин намудаанд. Зеро онҳо то касалшавӣ ахбори зиёдеро дар бораи вазъи ин беморӣ дар ҷаҳон хондаву шунида ва то ҷое дар дилашон тарс ҷой гирифтааст. Тарс ва воҳима барангезандаи асосии аксар бемориҳои рӯҳӣ буда, инсон дар натиҷаи таҳлука ва ҳаяҷони шадид метавонад ба бемориҳое мубтало гардад, ки оқибатҳои онҳо аз вируси нав вазнинтаранд.

Ҷ. Абдуллозода: Айни ҳол беш аз 3 ҳазор катҳои эҳтиётӣ тайёр карда шудаанд. Ғайр аз ин дар тамоми беморхонаҳо ҷои хоб мавҷуд буда, барои қабули беморон омода ҳастанд. Бояд ҳаминро зикр намоям, ки хушбахтона, шумораи беморон кам шуда истодааст. Шумораи онҳое низ, ки сиҳат шуда, аз беморхонаҳо ҷавоб мешаванд, рӯз аз рӯз меафзояд.

Ҷ. Абдуллозода: Бале, мутахассисони вазорат ва пауҳишгоҳҳои мо пайваста, азх рӯзҳои аввали сар задании пандемия ба таҳқиқу омузиши масалаҳои марбут ба COVID-19 машғуланд. Тибқи мушоҳидаҳои мо фоизи зиёди гирифторони коронавирус шахсолни аз 40 то 60-сола мебошанд. Яке аз омилҳои асосии гирифторшавӣ ба ин вирус аз иммунитет ва ё масунияти бадан вобаста аст. Масунияти бадани одамони ин синну сол одатан камтар аст, зеро онҳо дар сар фикри зиёд доранд: ғами зиндагӣ, мушкилоти оилавӣ, тақдири фарзандону наберагон ва ғайраву ҳоказо.

Ҳамзамон, аксар нафарони фавтида гирифтори бемории фишорбаландӣ, диабети қанд, дилу рагҳо ва фарбеҳӣ буданд. Вақте ки ҳодисаи фавт мешаваду мо таҳлил мекунем, ҳатман ин нишонаҳо ба чашм мерасанд. Ягон касе нест, ки дар беморхона бистарӣ шуда, бемориҳои зикршударо надошта бошад. Донишмандонги соҳаи тиб ҳатто муайян сохтаанд, ки гирифторони коронавирус на бар асари ин беморӣ, балки аз бемориҳои музмин мефавтанд. Мо бояд бовар дошта бошем, ки коронавирус дар сурати набудани дигар бемориҳои музмин, ки ҳолатҳои вазнинкунанда пеш меоранд, табобатшаванда аст.

Ҷ. Абдуллозода: На ҳама вақт тестҳо 100 фоиз ҷавоби боварикунанда медиҳанд. Барои дуруст баромадани тест сараввал бояд он дуруст гирифта шавад. Инчунин дақиқияти он ба интиқол ва ҳарорати дастгоҳ вобастагии зиёд дорад. Ҳангоме ки тест гирифта шуд, он бояд то 75 соат ба дастгоҳ барои муайян кардан гузошта шавад. Вале ҳолатҳое мешаванд, ки дастгоҳ пур аст ва муҳлати ба дастгоҳ гузоштани тест риоя намешавад, ки ин ҳолат метавонад сабаби хато баромадани рақамҳои тест гардад. Тавре воситаҳои ахбори омма иттилоъ мерасонанд, чунин ҳолат дар шифохонаҳои аксари кишварҳои тараққикардаи олам низ рӯй медиҳад.

Аз ин хотир мо тасмим гирифтем, ки дар ҷумҳурӣ шумораи озмоишгоҳҳоро зиёдтар кунем. Ҳоло дар шаҳри Душанбе 5 озмоишгоҳ фаъолият мекунанд, дар назар аст, ки шумораи онҳо боз ҳам зиёд карда шаванд ва рӯзҳои наздик дар вилоятҳо низ чунин озмоишгоҳҳо ба фаъолият оғоз хоҳанд кард.


Мардони тоҷик аз сӯҳбат дар мавзӯи заъфи камар (импотенция) шарм мекунанд, вале зоҳиран заъфи мардӣ дар миёни онҳо торафт доман паҳн мекунад.

Ба гуфтаи табибони урологу андролог, дар ин авохир муроҷиати чунин беморон ба маротиб афзоиш ёфтааст. Нигаронии Акбаршоҳ Аҳмадов, андрологи пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии момодоягӣ, дар он аст, ки ин маризӣ дар ҳоли ҷавоншавист ва метавонад барои ҷомеаи тоҷик оқибати ногуворе дошта бошад, ки як паёмади умдааш хатари аз ҳам пошидани оилаҳост.

Ӯ аз ҷумла афзуд, "ин раванд ҳоло аксаран миёни ҷавонони то 30-сола вомехӯрад. Ин маризон ҳар қадар тезтар ба пизишкон муроҷиат кунанд, беҳтар аст, зеро дар ҳолати музмин шудани беморӣ муолиҷааш хеле мушкил мешавад. Дар ҳаёти оилавӣ муносибати наздики зану шавҳар аз суннатҳои асосии оиладорист. Дар сурати пайдоиши ин мушкил зани тоҷик, ки мусулмон аст, 2 ё 3 сол тоқат мекунад ва ниҳоят баромада меравад."

Акбаршоҳ Аҳмадов афзоиши чунин маризонро ба вазъи бади иҷтимоӣ ва афзоиши муҳоҷирати корӣ рабт дод. Ба гуфтаи вай, дар муҳоҷират ҷавонмардони тоҷик дар шароити ногувор, аз ҷумла сардиву нами зиёд ба сар мебаранд, робитаи мутаввасити маҳрамона надоранд ва ё бештари вақт бо занҳои тасодуфӣ алоқа мекунанд. Ин аст, ки дар натиҷа гирифтори илтиҳоби ҷинсӣ мешаванд, ки он тадриҷан ба заъфи камар мепечад. Дар ҷомеи Тоҷикистон сӯҳбат аз мушкилоти ҷинсӣ ва заъфи камар як навъ табу дониста мешавад. Албатта, дар солҳои ахир бо дастрасии бештар ба интернету барномаҳову адабиёти марбут ба робитаҳои занушавҳарӣ мардум ин мавзӯъро то ҷое чун як масъалаи иҷтимоӣ ва ҷисмонии худ қабул кард. Аммо бо ин вуҷуд то ҳанӯз дар сӯҳбатҳои ғайримаҳрамона аз гуфтани ин мушкил парҳез мешавад.


Дилшод Солеҳов, мудири кафедраи урологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, мегӯяд, "вақте ҷавонони тоҷикро бо ҷавонони Русия муқоиса мекунам, дар он ҷо беморон ба таври озод омада ба пизишкон муроҷиат мекунанд. Аммо дар мо шояд аз ҷиҳати мавҷудияти шарм ва ё беҷуръатӣ садди роҳ мешавад ва мардон каме дертар муроҷиат мекунанд. Дар ҳоле ки рафъи ин мушкил аз қабл вуҷуд дорад."

Мусоҳибони мо мегӯянд, ба худ баҳодиҳии аксари мардоне, ки ба ин маризӣ гирифтор мешаванд, паст шуда, онҳо дар ҳолати шадиди равонӣ қарор мегиранд. Аслиддин Осимӣ, профессори соҳаи ҷарроҳии урологӣ, мегӯяд, барои берун кашидани онҳо аз ин вазъият равоншиносон низ бояд истифода шаванд. Ҷаноби Осимӣ аз ҷумла гуфт, "дар чунин хонадон вақте худи мард азоби рӯҳӣ мекашад ва бар замми ин ҳамсараш ӯро таъна мекунад, ҷанҷолҳои оилавӣ оғоз мегардад. Мард дар дуроҳа қарор мегирад, зеро оилаи нав бунёд кардан наметавонад, зиндагӣ маънияшро гум мекунад ва дар ин ҳолат вай ҳатто даст ба худкушӣ низ мезанад. Чунки қоидаи табиат ҳамин аст. Ҳоло аксаран мардон ба Русия мераванд, оилаи худро фаромӯш мекунанд ва бо занҳои рус алоқа мекунанду аз он ҷо "инвалид"-у безурёт шуда меоянд, ки ин хеле бад аст."

Аслиддин Осимӣ мегӯяд, заъфи мардӣ ҳатто дар кишварҳои рушд карда зиёд мушоҳида мешавад, аммо доман паҳн кардани чунин беморӣ миёни ҷавонмардони тоҷик нигаронкунанда аст. Дар ин авохир дар телевизионҳои Тоҷикистон таблиғи дармонҳои барқароркунандаи нерӯи мардона низ зиёд ба чашм мехӯрад.
Муллозуҳур Тоҳирӣ яке аз табибони маъруфи мардумӣ, низ мегӯяд, ахиран дармонеро барои ин дард кашф кардааст. Ин табиби маъруф дар сӯҳбат бо мо гуфт, ӯ дар аввал ин даворо ба мардони Русия пешбинӣ карда буд, аммо баъдан мушоҳида кард, ки талабот ба он дар Тоҷикистон ҳам хеле зиёд аст.

Ӯ мегӯяд, "қариб ҳамарӯза 10- 15 нафар аз мардон ба ман занг зада ва ҳамин доруро мепурсанд. Ҳарчанд истеҳсоли ин даворо мо дар Русия ба роҳ мондем, аммо тасмим гирифтем, аз моҳи октябр ба Тоҷикистон низ онро ворид кунем." Бо ин ҳама, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, мардоне, ки махсусан аз муҳоҷирати корӣ бармегарданд, ҳатман бояд мавриди табобати ҷинсӣ фаро гирифта шаванд ва аз муоинаи пизишкони зуҳравӣ гузаранд. Танҳо дар соли ҷорӣ ба пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии момодоягӣ наздики 900 мард бо мушкилоти ҷинсӣ муроҷиат кардаанд ва ташхиси тиббӣ маълум карда, ки беш аз 600 нафари онҳо аллакай ба заъфи камар гирифторанд.

Дар барномаи “Робита”-и ТВ “Ҷаҳоннамо” 5-уми май роҳбари Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии саломатӣ ва омӯзиши ИМА дар шаҳри Ню-Йорк дуктур Ораши Алоӣ вобаста ба хусусиятҳои бемории COVID-19 ва роҳҳои муассири пешгирӣ аз он бо забони содда ва фаҳмо ва ба таври онлайн бо журналист Мӯсои Абдусаттор суҳбат кард. Сипас суҳбати мазкур рӯзҳои 6 ва 7 май чанд маротиба тариқи шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон” ва “Синамо” низ пахш гардид.

Ин барнома дар Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои мусбати зиёди корбаронро ба миён овард.

Дуктур Ораши Алоӣ, ки муқими шаҳри Ню-Йорки Амрикост, барои ҷомеаи табибони Тоҷикистон чеҳраи ошност. Ӯ чанд сол аст, ки ба унвони мушовири байнулмилалӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз табибони тоҷик дар хатти пеши мубориза бо вируси куруно қарор доранд ва ошноӣ бо таҷрибаи табибони кишварҳои дигар, бидуни шак, барои онҳо муфид хоҳад буд.

Дар зер матни суҳбати хабарнигори ТВ “Ҷаҳоннамо” Мӯсои Абдусаттор бо роҳбари Институти ҷаҳонии саломатӣ ва омӯзиш Ораши Алоӣ манзури хонандагон мешавад:

ХАБАРНИГОР: — Аз нигоҳи шумо, COVID-19 чӣ гуна вирус аст? Оё иқлими Тоҷикистон метавонад хатари оқибатҳои нохуши онро коҳиш диҳад?

Бемориро пурра мо мешиносем. Вирусҳо барои он ки зиндагӣ кунанд ва паҳн шаванд, ниёз ба як организми зинда ё ҳуҷраи зинда доранд. Ин ҳуҷраи зинда барои COVID-19 шуш аст. Вирусҳо ба шуш аз роҳи бинӣ ва даҳон ворид мешаванд. Онҳо дар шуш паҳн мешаванд ва бадани инсон аз онҳо ҳимоят мекунад. Механизми ҳимоявии организм ҳаракат мекунад ва ба мубориза ва аз байн бурдани вирус оғоз менамояд. Муборизаи байни вирус ва иммунитети инсон дар шуш мушкилоти кимиёвиро ба вуҷуд меорад, ки дар баъзе афрод ба марг оварда мерасонад.

Бар асоси таҳқиқоти анҷомдодаи ҷаҳоние, ки мо медонем, 85 фоизи шахсони гирифтор ба COVID-19 бидуни табобат сиҳат мешаванд, ё тамоман аломат надоранд ё нишонаҳои хеле сабук доранд. 15 фоизи баъдӣ ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд. 10 фоизи онҳо метавонанд нишонаҳои шадид пайдо кунанд ва 5 фоизи дигар бояд ба беморхона раванд. Аз 1 то 3 фоиз ва ё дар баъзе ҳолатҳо то 5 фоиз мефавтанд.

Пас, мо ба як беморие рӯ ба рӯ ҳастем, ки дар шушҳо пайдо мешавад.

Дар робита ба иқлим бояд бигӯям, ки дониши башар ба ин намуди беморӣ ҳамагӣ 3-4 моҳ шинос аст ва намедонем, ки ҳарорати замин вақте, ки гарм мешавад ё ин ки сатҳи замин аз сатҳи баҳр баланд ё паст аст, оё иқлим метавонад ба он таъсир расонад? Барои ин бояд каме вақт гузарад ва тобистон шавад ва бубинем, ки чӣ мешавад. Лекин чанд нуктаи муҳимро мо медонем, ки агар вирус аз даҳон хориҷ шавад, дар фазое, ки берун аз даҳон аст, аз 1 то 3 соат зиёд наметавонад зинда бимонад. Агар дар даст бичаспад ва даст ба дастаҳои дар ё дастқапҳои автобус ё ҷойҳои дигар бирасад, вирус метавонад то чанд рӯз зинда монад. Бо ин сабаб, мо комилан табобати хос надорем ва пешгирӣ барои ин вирус новобаста ба он, ки дар чӣ шаҳру чӣ ноҳия ҳастем, бисёр муҳим аст.

Дар Ню-Йорк бо назардошти имконоти мавҷуда беш аз 170 ҳазор нафар бо сабаби риоя накардани гигиенаи шахсӣ бемор шудаанд. Мо медонем, ки вирус аз даҳон хориҷ мешавад ва бинобар ин, даҳонро бояд пӯшонем. Агар ниқоб дорем, истифода барем. Агар набошад, ташвиш накашед, метавонед пахта бигиред ва худатон ниқоб созеду даҳонро пӯшонед.

ХАБАРНИГОР: — Чун шумо аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ёдовар шудед, имрӯз риояи қоидаҳои санитарӣ ва дар хона мондан барои мардум то чӣ андоза муҳим мебошанд?

ОРАШИ АЛОӢ: — Бисёр муҳиманд. Тамоми дунё бояд ин қоидаҳоро риоя кунад. Чун мо медонем, бо як беморие сарукор дорем, ки ҳеҷ халқе, ҳеҷ ҷумҳурие аз он иммунитет надорад. Ҷаҳонгир шудааст. Бо ин сабаб бояд ҳама аҳолии ҷаҳон даст ба дасти ҳам гирем ва қоидаҳои гигиениро риоя кунем, то тавонем ин бемориро назорат намоем.

ХАБАРНИГОР: — Як гурӯҳ аз одамон метавонанд бе ягон аломат ин вирусро пушти сар кунанд. Оё онҳо ҳам метавонанд манбаи сирояти дигарон шаванд?

ОРАШИ АЛОӢ: — Вирус дар бадани онҳо ҳаст. Он механизме, ки боиси аломат мешавад, шиддати системаи иммунитет бар муқобили вирус аст. Дар касоне, ки миқдори ками вирус вориди баданашон мешавад, иммунитети бадан нисбатан мулоим ҷавоб медиҳад. Бо ин сабаб нишонаҳо дар онҳо кам мешаванд. Лекин вирус дар бадани онҳо паҳн мешавад ва онҳо манбае ҳастанд, ки ба дигарон вирусро интиқол медиҳанд.

Мушкиле, ки дар Ню-Йорк ва ҷаҳон пеш омад, ин буд, ки гумон карданд, ҳар касе, ки ҳарорати баданаш баланд аст ва ё сулфа мезанад, COVID-19 дорад. Бинобар ин, касонеро, ки ҳарорати баланд доштанд ва ё сулфа мезаданд, ба карантин фаро гирифтанд. Баъдан диданд, ки ин беморӣ паҳн шуд, ба муайян кардани сабабаш пардохтанд. Маълум шуд, ки дар бадани аз 30 то 50 фоизи шахсони аломатнадошта вирус вуҷуд доштааст ва онҳо ба дигарон онро интиқол медиҳанд. Ин нукта барои шаҳрвандони Тоҷикистон бисёр муҳим аст. Новобаста ба он, ки аломат доред ё надоред, яъне сулфа ё ҳароратбаландӣ, ҳама бояд қоидаҳои аввалияи гигиениро риоя кунед. Якум, даҳонро бо ниқоб пӯшонед. Дуввум, дастҳоро зуд-зуд бишӯед ва агар имкон бошад, дастпӯшак пӯшед, чунки дастҳо метавонанд ба пул, дастаи дар, девор ё ҷойҳои дигар ва баъдан ба чашм бирасанд. Севвум, дар маконҳое, ки одамони зиёд ҷамъ мешаванд, 2 метр фосиларо риоя кунед.

Дар Ню-Йорк беш аз 5 ҳафта аст, ки танҳо фурӯшгоҳҳои хӯрокфурӯши бозанд. Боқӣ мактабҳо, донишгоҳо ва дигар идораҳо ҳама дар таътиланд.

Дар фурӯшгоҳе, ки хӯрокворӣ мегиред, бояд 2 метр фосиларо риоя кунед. Дар дохили нақлиёт ҳам бояд ин амал риоя шавад. Сабаби асосии паҳншавии ин беморӣ дар Ню-йорк дохили метро ва автобусҳо буд, чунки мардум ба ҳам наздик буданд.

Касоне, ки сулфа доранд ва ҳарорати баданашон баланд аст, бояд дигар берун набароянд. Онҳо бояд дар як ҳуҷраи алоҳида танҳо бошанд.

Суол ба миён меояд, ки мо кай ба беморхона биравем? Дӯстони азиз, нигоҳ кунед, дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, неруи давлат, вазорати тандурустӣ ва табибон ҳама дар хидмати мардуманд. Лекин мардум ҳам бояд қоидаҳоро риоя кунанд, то онҳо тавонанд хизматрасонияшонро бо касоне, ки ниёзи ҳатмӣ доранд, бирасонанд. Ба ҳамаи касоне, ки бо COVID-19 мубтало мешаванд, шарт нест ба беморхона раванд. Шахсоне, ки сулфа доранд, ҳарорати баданашон баланд аст ё тез-тез нафас мекашанд (ба шарте ки дар як дақиқа камтар аз 25 бор нафас кашанд), дар як ҳуҷраи хона ҷудо бимонанд ва бо касоне, ки дар он хона ё ҳавлӣ ҳастанд, иртибот нагиранд. Дарро банданд ва ҳатман тирезоҳоро боз кунанд. Аҳли оила вақте хӯрок меоранд, пушти дар гузоранд, ҳатман ниқоб дошта бошанд ва дастҳоро бишӯянд. Агар ҳарорат аз 39 дараҷа боло рафт ё ин ки нафаскашӣ дар як дақиқа аз 25 маротиба зиёд шуд, он вақт бояд ба пизишк (табиб) муроҷиат кунанд. Ва агар чунин набошад, эҳтиёҷ ба ташхис ва антибиотикҳо нест ва масрафи беҳуда накунанд. Оби гарм нӯшанд ва қоидаҳоро риоя кунанд, баъд аз 2 ҳафта хуб мешаванд.

ХАБАРНИГОР: — Таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бозгӯи он аст, ки тарсу ҳароси мардум аз ин вирус вазъият ва кори табибонро мушкил кард. Аз назари шумо, амалкарди мардум дар муқобили ин вирус бояд чӣ тавр бошад?

ОРАШИ АЛОӢ: — Мо медонем, ки ин беморӣ метавонад то 5 фоиз, дар баъзе мавридҳо то 3 фоиз фавт дошта бошад. Вале муҳим ин аст, ки оё мо битарсем ё ин ки ҳушёр бошем. Мо бояд ҳушёр бошем ва хуб бидонем, ки чӣ кор бояд кунем. Агар битарсем, хато мекунем. Баъзе касон сулфа мезананд ё ҳарорати баланд доранд, ба ташвиш афтода, сарсону саргардон ба ин ё он беморхона мераванд. Онҳо бояд ба тавсияҳои табибони худ, вазорати тандурустӣ ва дигар сохторҳои марбута итминон дошта бошанд, зеро изтироб ҳеҷ кореро ҳал намекунад. Ҳамон тавре гуфтам, агар нишонаҳои ин бемориро дар худ эхсос кардед, дар хона монед. Агар аломатҳои ин бемориро надоред, боз ҳам ду ҳафтаи дигар дар хона монед, чунки мардум ҳарчи бо ҳам наздик бошанд, ин вирус ҳамон қадар зуд паҳн мешавад.

Дар шаҳри Ню-Йорки ИМА мо 7 ҳафта боз дар хона ҳастем. Фақат ба хотири ифои вазифаи табибии худ ба беморхона меравем ва бубинед, ки дар Ню-Йорк рӯз то рӯз теъдоди сироятёфтагону фавтидагон дар ҳоли коҳишёбӣ аст. Дар шаҳри Ухани Чин ҳам ҳамин тавр аст. Пас, худи мардум ҳам бояд дар ин самт кумак кунанд. Ягон давлатеро дар ҷаҳон наметавон пайдо кард, ки коронавирусро дар танҳоӣ идора карда бошад. Бояд ҳамкории зич миёни мардум ва идораҳои давлатӣ ба роҳ монда шавад.

ХАБАРНИГОР: — Дуруст қайд кардед, ки ин кори дастаҷамъист. Табобати ин беморӣ чӣ қадар вақтро дар бар мегирад, дар куҷо ва чӣ қадар гузаронида мешавад.

ОРАШИ АЛОӢ: — Амрикое, ки дар самти тавлиди доруворӣ яке аз кишварҳои пешрафтаи олам аст… Дар Аврупо Чин ва Ҷопон ҳам дар ин самт ҳамкориҳои муштарак ҷараён дорад. Ман мехоҳам навтарин дастовардҳои ҷаҳониро ба шумо бигӯям. То имрӯз ягон табобати қатъӣ барои COVID-19 пайдо нашудааст. Доруи “Ремдесвир”, ки аксаран иддао доранд, ки бар зидди бемории COVID-19 ҳаст, ягон асос надорад. Қаблан ин дору барои бемории Эбола истифода мешуд ва танҳо метавонад шидати ин бемориро кам ва давраи онро кӯтоҳ кунад. Пас бояд гуфт, ки зарурат ба харидорӣ ва истифодаи ин дору барои беморони COVID-19 нест. То имрӯз ягон доруи аниқ надорем. Касоне, ки ташхисашон COVID-19 нишон додааст, ниёз ба табобат надоранд. Танҳо мебояд шуурнокӣ ва фаҳмиши худро боло баранд ва дар хона танҳо бимонанд, то ин бемориро ба дигарон интиқол надиҳанд. Тавре дар боло гуфтам, 90 дарсад гирифторони ин беморӣ ниёз ба истифодаи маводи доругӣ надоранд.

ХАБАРНИГОР: — Марҳилаи беморӣ чи қадар вақтро дар бар мегирад?

ОРАШИ АЛОӢ: — Аз вақте, ки вирус вориди бадан мешавад, мо як замон ва аз вақте, ки аломатҳо падидор мешаванд, замони дигар дорем. Аз замоне, ки аломатҳо пайдо гардида, паст мешаванд, як ҳафта баъд дигар ин фард на худаш бемории вирусро дорад ва на ба дигарон вирусро паҳн мекунад. Лекин агар сулфа мезанад, эҳтимол он чанд ҳафта тул кашад. Ҳастанд нафароне, ки мушкилоти шуш ё бӯёӣ доранд, чун дар касоне, ки ба COVID-19 гирифтор мешаванд, дар чанд дарсадашон ҳисси бӯёӣ аз байн меравад ва маззаро хуб эҳсос намекунанд. Бинобар ин, бояд ба ташвиш наафтанд, чунки эҳтимол он чанд ҳафта ё баъзан чанд моҳ тӯл мекашад. Муҳим нест, ки шумо аломат доред ё надоред, муҳим он аст, ки ду то се ҳафтаи оянда, ки шурӯи паҳншавии COVID-19 дар Тоҷикистон ҳастанд, қоидаҳои гигиениро риоя кунед.

ХАБАРНИГОР: — Оё нафаре, ки як бор ба ин беморӣ дучор шуд, метавонад бори дуюм гирифтор шавад?

ОРАШИ АЛОӢ: — То имрӯз мо ягон санад ё таҳқиқе дар даст надорем, ки нишон диҳад, як нафар аз ин беморӣ сиҳат шудаасту дубора ба он гирифта шуда бошад. Шояд баъзе касон дар интернет хонда бошанд, ки масалан, ду- се нафар дар Кореяи Ҷанубӣ дубора мубтало шудаанд. Ё мисоли дигар ду нафар дар Бразилия таҳқиқи дубора карданд. Ин навбат меъёри ташхисии онҳо навъи лаборатор ё озмоишгоҳии онҳо дастгоҳи Писиор буд. Он дастгоҳи Писиор кораш дидани вирусҳо мебошад. Баъдан муайян шуд, ки ҳангоми ташхис ба иштибоҳ роҳ дода шудааст. Фақат муҳим аст, бидонем, кай ба кор биравем, чун ҳеҷ кишваре дар дунё наметавонад, ки тамоми мардумро дар хона нигоҳ дорад ва фабрикаҳову корхонаҳоро бандад. Мардум ниёз ба фаъолият ва кори рӯзона дорад, ки зиндагиашро пеш барад. Ҳатто дар Амрико низ ҳамин баҳс аст.

Бознашри матни мусоҳиба аз АМИТ “Ховар”

Читайте также:

Пожалуйста, не занимайтесь самолечением!
При симпотмах заболевания - обратитесь к врачу.